Дар Суғд Паёми Пешвои миллатро чун барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ арзёбӣ карданд
ХУҶАНД, 09.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани нуктаҳои асосии он дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, вилояти Суғд низ аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон вохӯриҳо оғоз гардиданд. Мулоқотҳо асосан бо фарогирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз қабили омӯзгорон, табибон, фаъолони маҳал, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва собиқадорони меҳнат доир мегарданд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва устодони донишгоҳҳои маркази вилоят мулоқот баргузор гардид. Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфт.
Ба андешаи мавсуф, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, муҳтавои Паёми имсола он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самари нек ва боварибахш дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодаанд.
«Тавассути Паёми имсола Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд», — баён дошт М.Ватанзода.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар, рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, қисми даромади буҷети давлатӣ, ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯъмин Шарифзода доир ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, имконияту шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон, инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бунёди инфрасохторҳои мувофиқ ба талаботи муосир ва ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории ин гуна силсиламулоқотҳо бо ҷалби сокинони дигар минтақаҳои вилоят идома дорад.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






