Дар таъмини рушди ММД саҳми соҳаи саноат хеле назаррас аст
ДУШАНЕБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили сохтории маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ нишон дод, ки дар таъмини рушди ММД саҳми соҳаи саноат хеле назаррас буда, тибқи ҳисобҳо аз ҳаҷми умумии рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,2 банди фоизии он ё 45 фоизи нишондиҳандаи мазкур ба ин соҳа рост меояд. Дар ин бора муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода имрӯз зимни ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба маълумоти номбурда, ин асосан аз ҳисоби баланд будани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба вуқӯъ омадааст.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳамчунин зикр намуд, ки дар ин давра ММД ба 61,1 млрд. сомонӣ баробар гардида, рушди воқеии он 7,1 фоизро ташкил намуд. Рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши воқеии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 21,3 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 фоиз, гардиши савдои чакана 6,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






