Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масоили марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ ва таълими калонсолон баррасӣ шуданд

Январь 10, 2018 15:03

ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳайати васеи мушовара «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018»  баргузор гардид. Дар  ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  иштирок намуд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода доир ба дастовардҳои вазорат дар соли 2017, мушкилоти ҷойдошта дар фаъолият ва вазифаҳо барои соли 2018 сухан гуфт. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ гардида, масъулини соҳаҳо доир ба самтҳои фаъолияти худ гузориш доданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда  қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар  бораи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти вазорат ибрози андеша намуд ва ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дарпешистода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

 

 

 

 

 

 

Январь 10, 2018 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад