Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мулоқоти директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба таҳким бахшидани ҳамкории неку дӯстона дар бахши фарҳангу иттилоот изҳори назар карда, зикр намуданд, ки барои бештар намудани ин муносибатҳо имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Аз ҷумла, таҳия ва барои мувофиқа пешниҳод намудани лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ миёни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Саудӣ ҷиҳати табодули таҷриба, бозомӯзии кормандон, расонидани кумакҳои бебозгашти моддӣ-техникӣ, инчунин табодули мунтазами иттилоот миёни ду агентии иттилоотӣ барои беҳтар намудани робитаҳои иҷтимоиву фарҳангии ҳарду мамлакат мусоидат мекунанд.
Мулоқот дар фазои неку созанда сурат гирифт.









Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






