Дурустии пешгӯии обуҳавосанҷон ба 90% баробар шудааст

Январь 25, 2018 15:06

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 365 пешгӯии шабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии онҳо ба 90% баробар аст. Ин хабарро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода ба хабарнигорон расонид.

Ба гуфтаи Хайрулло Ибодзода, соли сипаригардида дурустии пешгӯиҳои Агентии обуҳавошиносии Кумита ба 90 фоиз баробар гашт, ки нисбат ба соли қаблӣ 3 фоиз баланд аст.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон дар доираи лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Миёна», ҷузъи «С», 54 адад стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва 16 адад дидбонгоҳҳои обченкунӣ ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, 25 стансияи обуҳавосанҷӣ бо хона-вагонҳо таъмин карда шуданд.

 

Январь 25, 2018 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд