ДУЗДИИ БАРҚ ҶИНОЯТ АСТ! Дар панҷ ноҳияи минтақаи Рашт истифодаи ғайриқонунии барқ аз ҷониби шаҳрвандон ошкор гардид
РАШТ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт ҷамъомади кормандони шабакаҳои барқи ноҳияҳои минтақаи Рашт оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Муовини директори шабакаҳои барқи ноҳия Парвиз Муҳриддинов зикр намуд, ки “дар асоси дастуру супоришҳои Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самарабахши неруи барқ дар байни аҳолии ноҳияҳои мазкур аз ҷониби 185 нафар мутахассисон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Вале баъзе шаҳрвандони ноҳияҳои водии Рашт соли 2017 дидаву дониста ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ машғул гардиданд. Аз ин рӯ нисбат ба 1002 нафар ба маблағи умумии 458 ҳазору 467 сомонӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Аз ин шумора 427 нафар сокини ноҳияи Рашт, 175 нафар аз ноҳияи Лахш, 223 нафар аз ноҳияи Тоҷикобод, 79 нафар аз ноҳияи Сангвор ва 98 нафар аз ноҳияи Нуробод буда, неруи барқро ғайриқонунӣ истифода намудаанд.
Зимни ҷамъомад мутахассисон зикр карданд, ки баъзе шаҳрвандон барои насупоридани маблағи қувваи барқ ба таври ғайриқонунӣ берун аз ҳисобкунаки барқӣ ё барои ҳисоб накардани ҳисобкунакҳои барқии электронӣ майдони магнитӣ ташкил намуда, дар ҳисобкунакҳои давраи Шӯравӣ аз лентаҳои аксбардорӣ истифода мекунанд.
Аз ҷониби масъулини шабакаҳои барқи ноҳияҳои минтақаи Рашт ба кормандону роҳбарони шабакаҳои барқи панҷ ноҳия супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба мардум фаҳмонанд, ки дуздидани қувваи барқ ҷиноят аст ва ҷинояткор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






