Эълони озмун оид ба таҳияи рамзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рамзи ин ҷашни фархунда озмун эълон менамояд.
Муаллифон ҳангоми таҳияи лоиҳаи рамзи ҷашнӣ бояд ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдории миллии тоҷикон эътибори бештар диҳанд.
Дигар талаботи ба рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд дар Низомномаи он ба таври муфассал шарҳ дода шудаанд, ки дар сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешавад.
Шахсоне, ки дар озмун иштирок кардан мехоҳанд, метавонанд лоиҳаи худро бо нишон додани ному насаб ва суроға ба унвони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 34) дар шакли рангаи андозаи А-4 ва шакли электронӣ (диски CD) ирсол намоянд.
Муҳлат то 30 марти соли 2018.
Барои ғолибони рамзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.
Кумитаи тадорукот








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






