Фаъолияти 5 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ қатъ карда шуд

Январь 24, 2018 14:38

ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) фаъолияти 52 (с.2016-48)  гурӯҳи ҷинояткорро дар ҳайати 115 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 5-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи фаромиллӣ мебошанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода ба хабарнигорон гузориш дод.

Зимни гузориш зикр гардид, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат фаъолияти 7 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша (с.2016 – 4) ошкор ва қатъ гардонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат ё 75 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора фаъолияти 5 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби АНМН ошкор ва қатъ гардонида шудааст.

«Ҳоло он, ки дар солҳои 2012-2014 аз ҷониби мақомоти мазкур ҳар сол ҳамагӣ 2 ё 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор мегардиду халос»,-гуфт номбурда.

Муртазо Ҳайдарзода ҳамзамон иттилоъ дод, ки дар самти ошкор ва дастгир намудани шахсони дар кофтукови байнидавлатӣ  қарордошта тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Январь 24, 2018 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид