Франк-Валтер Штайнмайер ҷонибдори вусъати муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Германия аст

Январь 13, 2018 10:02

ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 январи соли ҷорӣ Президенти федеролии Германия Франк-Валтер Штайнмайер дар қасри Белвюи шаҳри Берлин  роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Германияро ба ҳузур пазируфт. Дар ин қабули расмӣ Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат Сафири Тоҷикистон ба Президенти федеролии Германия Франк-Валтер Штайнмайер саломи дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду давлати дӯст иброз намуд.

Дар навбати худ Президенти федеролии Германия ба Пешвои миллат саломи дӯстона фиристода, омодагии давлаташро ҷиҳати вусъати муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Германия изҳор дошт.

Дар мулоқот ҳамзамон вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия Герд Мюллер иштирок дошт.

Январь 13, 2018 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад