Гумруки Хатлон баҳри таъмини амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ саҳм мегузорад
ДУШАНБЕ, 13.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон баҳри таъмини амнияти иқтисодии давлат, назорати қатъӣ нисбат ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва татбиқи фаъолияти гумрукӣ дар минтақа корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар воҳидҳои тобеи Раёсати гумруки Хатлон дар соли сипаришуда 389 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 4 адад ҳолати ҷиноят ва 385 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошанд. Нисбат ба ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Аз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда 339 адад нисбат ба шахсони воқеӣ, 1 адад нисбат ба шахси мансабдор ва 45 адад нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






