ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ: ҳамагон бояд дар иҷрои нуктаҳои Паёми Пешвои миллат саҳмгузор бошем!

Январь 16, 2018 10:57

ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони мураккабу тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, ҷумҳурии мо бо дарназардошти арзишҳои миллию давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода карда, мавқеъ ва нуфузашро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкаму устувортар намуд. Таҳлил ва натиҷагирии бахшҳои муҳими хоҷагии халқ бо гузашти як соли давлатдории миллӣ собит намуд, ки соли 2017 дар таърихи навини тоҷикон бо ҳама хусусияту бартарӣ ва дастоварду комёбиҳояш давлатро ба марҳалаи нави рушди устувори миллӣ расонид. Ин суханонро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода зимни вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба шаҳру тавзеҳи Паёми Пешвои миллат изҳор намуд.

Вохӯрии навбатӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа дар Гвардияи миллии Тоҷикистон бо ҳайати фармондеҳии афсарону сарбозон доир гардид.

Дар ҷамъомад муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон, генерал-майори гвардия Ҷонибек Ализода атрофи аҳамият ва ҳадафҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар шароити замони муосир ибрози назар кард.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, Ҷамшед Саидов ва Рустамҷон Қудратов дар хусуси масъалаҳои зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” ва ҳадафҳои пешбинишуда, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, судовар будани сиёсати хориҷии «дарҳои боз» ва оғоз шудани марҳилаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 фикру андешаҳои худро баён карданд.

Беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, ҳифзи сарҳадоти миллӣ, дарки моҳияти хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки узви Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсо Асозода атрофи онҳо мулоҳиза ронд.

 

Январь 16, 2018 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид