Гурӯҳи таблиғотӣ барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат маслиҳатҳои муфид дод
ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони пойтахт вохӯриҳо доир гардида истодаанд. Мулоқотҳо асосан бо фарогирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, олимон, фаъолони маҳал, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва собиқадорони меҳнат баргузор мешаванд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, дар ҳудуди ноҳия ду гурӯҳи таблиғотӣ таъсис дода шудааст, ки дар корхонаву шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия аз 8 то 18 январи соли 2018 бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони касбу кори гуногун вохӯрӣ гузаронида, муҳтавои Паёми солонаи Пешвои миллатро шарҳ дода, барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии он маслиҳатҳои муфид хоҳанд дод.
Раиси ноҳияи Шоҳмансур Низом Ҳакимзода мақсади вохӯриҳоро шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмонидани нуктаҳои асосии он ба мардум арзёбӣ намуд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода доир ба амнияти иттилоотӣ, озуқаворӣ, бархӯрди манфиатҳо дар ҷаҳони муосир ҳарф зада, таъкид дошт, ки моро зарур аст авзои сиёсии имрӯзаро бо далелҳои амиқ таҳлил намуда, ба мардум фаҳмонем.
Таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд Паёми Пешвои миллатро ҳаматарафа омӯзад ва баҳри амалӣ шудани он кӯшиш намояд.
Маърӯзакунандагон доир ба муҳтавои асосии Паём ҳарф зада, онро Паёми иҷтимоӣ шарҳ доданд. Зикр шуд, ки он пурра барои манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо ҳаёти шоиста таъмин намудани онҳо мебошад. Чунин вохӯриҳо давоми ду ҳафта идома меёбанд.













Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






