ХАДАМОТИ АЛОҚА: муштариёни «Шабакаи насли оянда» ё NGN на 1 миллион, балки 34 ҳазорро ташкил медоданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди муштариёни «Шабакаи насли оянда» ё NGN, ки моҳи декабри соли 2017 истифодаи он дар қаламрави ҷумҳурӣ боздошта шуд, 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин нуктаро муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» зимни нишасти матбуотӣ 25 январ таъкид кард. Бояд зикр намуд, ки қаблан расонаҳои мустақили мамлакат истифобарандагони шабакаи NGN-ро 1 миллион нафар муштарӣ арзёбӣ мекарданд.
Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сабабҳои боздошти истифодаи хизматрасонӣ аз шабакаи NGN-ро дар риоя нашудани якчанд талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ғайриимкон будани назорати зангҳо тавассути интернет, гузаштани зангҳо, истифодашавии рақамгузории маҳаллӣ барои зангҳои байналмилалӣ, пурра фароҳам наовардани шароит барои чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, риоя нашудани талаботи сифати алоқа, бе қайд ва шиноснома пайваст кардани муштариён ва пешгирии истифодаи хизматрасонӣ барои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ рабт дод.
Намояндаи масъули Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид кард, ки то бартараф кардани чунин камбудиҳо истифода аз хизматрасонии «Шабакаи насли оянда» ё NGN дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






