Хайрулло Ибодзода: «Барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима баста шуданд»
ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад. Соли 2017 аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он 10 ҳазору 890 амалиёти гуногун гузаронида шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳо барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 27 ҳазору 393 адад пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ дода шуданд ва аз он 22 ҳазору 596 адад иҷро гардидаанд, ки 82 фоизро ташкил медиҳанд. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Ба гуфтаи Хайрулло Ибодзода, барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ 10 228 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 1470,2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ҳамчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» аз Федератсияи Россия ба маблағи 220,2 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири безараргардонӣ бо иқтидори коркарди 900 адад лампаҳои симобдори аз истифода баромада дар як шабонарӯз барои вилояти Суғд харид гардид. Ин иқдом соли равон низ идома меёбад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






