Хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар беш аз 42 давлати хориҷӣ фаъолият дошта, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро баланд мебардоранд

Январь 24, 2018 11:08

ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо беш аз 106 муассисаи олии таълимию илмии хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин бора имрӯз, 24 январ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар давраи ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ ҳамкории мутақобилан судманди муассисаҳои байнидавлатӣ яке аз заминаҳои асосии рушд ба ҳисоб меравад. Низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ  пурра низомҳои эътирофгардидаи ҷаҳониро пазируфта, барои ворид гардидан ба таҳсилоти аврупоӣ ва байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад. Яке аз шартҳои асосии воридшавӣ ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ-ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории академикӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ мебошад.

Дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар айни замон 9 лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ гардида, бештари онҳо аз ҷониби Агентии Швейсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, DAAD ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд.

«Ҳоло хатмкунандагони  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар бештар аз 42 давлати хориҷӣ фаъолият дошта, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро баланд мебардоранд»,- зикр намуд Маҳмадшоҳ Гулзода.

Январь 24, 2018 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид