Хонандагони шаҳри Хуҷанд мошинаи ояндаи коинот ва киштии ояндаи обӣ ихтироъ карданд

Январь 19, 2018 10:33

ДУШАНБЕ, 19.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Техникони наврас» баргузор гардид. Дар он аз ҷониби муҳассилини макотиби шаҳр беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷод ба ҳайати доварон манзур карда шуд.

Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун аз рӯи 7 бахш-радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, мошинаи ояндаи коинот, киштии ояндаи обӣ, автомоделӣ, ҳимояи шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ сурат гирифта, дар он хонандагони тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар номгӯи ихтирооти хонандагон анвои гуногун бо диду нигоҳи хосса тариқи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шуд.

Ҳамин тавр, ҳайати доварон дар бахши радиоконструкторӣ хонандаи МТМУ№19 Меъроҷ Маҳмудов, дар бахши авиамоделӣ муҳассили Гимназияи №4 Баҳодур Абдуллоев, дар бахши мошинаи ояндаи коинот хонандаи мактаби хусусии «Паймони азизон» Эҳсон Неъматҷонов, дар бахши киштии ояндаи обӣ хонандаи МТМУ№19 Маҳмудҷон Болтуев, дар бахши автомоделӣ хонандаи МТМУ№21 Эмомалӣ Аллабердиев, ҳимояи шаҳри оянда муҳассили МТМУ №5 Азимҷон Бобоҷон ва дар бахши ихтироъкорӣ хонандаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Муҳаммадамин Калоновро ғолиб эълон намуданд.

Ҳамзамон дар бахшҳои номбурда ҷойҳои 2 ва 3-юм муайян шуданд. Гурӯҳе а з хонандагони фаъол бо Cипоснома қадршиносӣ шуданд.

Ғолибони мақоми аввал ба озмуни вилоятии «Техникони наврас» роҳхат гирифтанд.

Интизор меравад, ки даври вилоятии озмун моҳи майи соли равон сурат гирад.

 

 

Январь 19, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид