Хуршед Икромӣ: «Эссе сатҳи андешаронии довталабонро боло мебарад»
ДУШАНБЕ, 24.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 эссе (кори хаттӣ) аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ҷорӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, дар ин замина фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба кори хаттӣ (эссе) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз нав ба роҳ монда шуд. Ин нуктаро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон баён намуд.
Ҳамчунин сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов илова намуд, ки «солҳои пешин довталабон дар ҳаҷми 5–6 саҳифа иншо менавиштанд, ки тафтиши онҳо душвориҳоро ба миён меовард. Аз ин хотир тасмим гирифтем, ки баҳри рафъи ин душворӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ кори хаттӣ ё ин ки эссеро ҷорӣ кунем».
Ба гуфтаи мавсуф, ҳадаф аз ҷорӣ кардани кори хаттӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ин аст, ки хонанда андешаашро бо забони адабии тоҷикӣ ва беғалат баён карда тавонад. Аз такрори зиёди маънӣ, дароз кардани сухан (пургӯӣ, суханбозиҳои беҳуда) ва овардани далелҳое, ки ба мавзӯъ мувофиқ нестанд, худдорӣ намояд.
Довталаб ё хонанда эссеро бояд дар ҳаҷми ду саҳифаи варақаи андозааш А4 нависад. Яъне доир ба мавзӯи пешниҳодшуда фикрашро мухтасар, вале бо далел ва дуруст баён намояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






