ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДА: Нақши Паёми Пешвои миллат дар таъмини ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа назаррас аст

Январь 16, 2018 11:35

ДУШАНБЕ, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумита доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва роҳҳои амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

«Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 саривақтӣ буда, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа, аз ҷумла, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» такони бузурге дар самти ислоҳоти иқтисодии мамлакат мегардад»,-изҳор дошт Раиси Кумита Қосим Роҳбар зимни ҷамъомад.

Қосим Роҳбар ҳамзамон иброз дошт, ки  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштан ба шакли саноатии инноватсионии рушдро яке аз марҳилаҳои нави гузариш ба сифати нави иқтисодӣ таъкид намуда, истифодаи технологияҳои каммасраф ва татбиқи усулҳои пешрафтаи идоракуниро ҳамчун меҳвари баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва асоси таъмини шуғли аҳолӣ дар ҷумҳурӣ муайян намудааст.

Дар ҷамъомад сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Саидғуфрони Абдулло баён дошт, ки «дар ҳақиқат мардуми мамлакат Паёми Пешвои миллатро ҳамасола бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти ҷумҳурӣ воқеан ҳам фарогири паҳлуҳои мухталиф, аз ҷумла, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маориф буда, ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Паёми навбатӣ дастовардҳои мамлакатро дар чанд соли сипаригашта ва барои солҳои оянда инъикос намудааст».

 

Январь 16, 2018 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд