Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад: мошини «Опел» аз беэҳтиётӣ ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт
ДУШАНБЕ, 18.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тағйири ногаҳонии боду ҳаво вазъиятро дар роҳҳои кӯҳӣ хеле мушкил кард ва сабаби садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баъди бориши зиёди барф дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандӣ мушоҳида гардид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз эҳтимолияти он пешакӣ хабар дода, шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро огоҳ карда буд.
«Мутаассифона, ҳарчанд борҳо ронандагонро ба эҳтиёкориву риояи қоидаҳои ҳаракат даъват карда будем, боз ҳам на ҳамаи онҳо ин огоҳиҳоро шунидаанд. Чунончӣ, сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат низоми ҳаракатро тибқи қоида риоя накарда, аз уҳдаи идораи мошини тамғаи «Опел» набаромад, ки дар натиҷа мошин ба ҷарии 7-метра фурӯ рафт. Сабаби он риоя накардани қоидаи мошинронӣ дар роҳҳои яхбаста буд»,-хабар дод манбаъ.
Барои бартараф намудани оқибати ин садамаи нақлиётӣ ба ҷойи ҳодиса воҳиди махсуси вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт расид. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз автокран мошинро аз чуқурӣ берун кашиданд. Хушбахтона, ронанда ва мусофиронаш зарари ҷиддӣ надида будаанд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, то 19 январи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимолияти фаромадани тарма ва яхбандӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ронандагони воситаҳои нақлиётро мебояд эҳтёткор бошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






