Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар давраи таътили зимистона хонандагонро ба маҳфилҳои гуногун даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2018 таътили зимистона муқаррар гардидааст. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади бофароғат гузаронидани таътили зимистонаи хонандагон чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комил Раҳимӣ ҳамсуҳбат шуд. Номбурда дар ин бора чунин изҳори андеша кард:
— Дар давраи таътили зимистона дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 38 маҳфилҳои гуногун амал менамоянд, ки мактаббачаҳо вобаста ба шавқу ҳавасашон ба онҳо фаро гирифта мешаванд.
Маҳфилҳои «Пайравони Пешвои миллат», «Адабиётшиноси наврас», «Таърихшиноси наврас», омӯзиши забони арабӣ, забони русӣ, забони англисӣ, забони немисӣ, алифбои ниёгон, «Кадбону», «Хуқуқшиноси наврас», «Дастони моҳир», журналистика, асбобҳои зарбӣ (таблак, дойра), асбобҳои нафасӣ, гитаранавозӣ, технологияи информатсионӣ, конструктор, шоҳмот, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, расмкашӣ, гӯштингирӣ, хорсароён, рақси миллӣ, кишваршиносӣ, хониши бадеӣ ва «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Муассиса инчунин бо мақсади самаранок истифода бурдани вақти холии таълимгирандагон гузаронидани як зумра олимпиада ва озмунҳоро, аз қабили олимпиадаи шаҳрии «Шоҳмот», озмуни шаҳрии «Китобхони беҳтарин -2018» байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе- «Шукуфаҳои пойтахт», озмуни «Дӯзандагӣ», «Дастони моҳир», «Асбобҳои зарбӣ», «Забони русӣ», «Забони англисӣ» ва «Хаттоти беҳтарин» байни таълимгирандагони маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт баргузор менамояд.
Инчунин ҳамарӯза дар синфхонаи лингофонии Муассиса намоиши филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ ва тасвирӣ барои таълимгирандагон ташкил карда шудааст.
Дар баробари ин дар давраи таътили зимистона барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии таълимгирандагон Муассиса бо як зумра ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, тибқи онҳо таълимгирандагонро барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба ҶДММ «Ёқут-2000», ҶСК «Телерадиоком», ҶСП «Бунёди мусаввирии Тоҷикистон», МД «Телевизиони кӯдакону наврасон –«Баҳористон» ва МД ««Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе» сафарбар менамояд.
Таълимгирандагони пойтахт барои иштирок дар маҳфилҳои мо метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе,
кӯчаи Ш.Шотемур, № 54, тавассути суроғаи E-mail: info@mkn.tj ва телефонҳои 221-85-71
221-62-39 муроҷиат намоянд.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани таътили зимистона ҳамаи хонандагони пойтахтро ба «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» марҳабо мегӯем.
.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»













Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






