Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина барои кӯдакони гирифтори бемории сил синфхонаи дарсӣ кушод

Январь 13, 2018 10:05

ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ҲОУП   дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдаконаи муассисаи давлатии  Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина барои кӯдакони гирифтори бемории сил гӯшаи  дарсӣ боз карда шуд.

Дар ин гӯша тамоми шароит фароҳам оварда шуда, он бо  ашёи дарсӣ ва бозичаҳои кӯдакона таъмин гардидааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори муассисаи давлатии  Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина Фирӯз Шарипов иттилоъ дод, ҳоло дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона барои табобат шароити хуб фароҳам оварда шуда, бо мақсади баланд бардоштани неруи зеҳнии онҳо синфхонаи дарсӣ боз карда шуд.

Зикр шуд, ки дар Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина 2 шуъба фаъолият дошта, шуъбаи сили устухони кӯдакона аз 10 кати хоб ва шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона аз 20 кати хоб иборат аст.

Ҳоло дар шуъбаи мазкур 15 нафар кӯдакони гирифтори бемории сили устухон ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Январь 13, 2018 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид