Маркази миллии қонунгузорӣ ба 130 лоиҳаи қонунҳо ва санадҳо хулосаҳои ҳуқуқӣ дод
ДУШАНБЕ, 24.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф намудани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба 130 лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ доданд, ки дар маҷмӯъ беш аз 700 пешниҳодҳоро дар бар мегирад.
Дар ин росто, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти дар зарфи як сол анҷомдодаи Марказ 24 январ дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гузориш дода, гуфт, ки Маркази миллии қонунгузорӣ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯъҳои «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Танзими ҳуқуқии электрокунонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Ҳамзамон барои амалӣ намудани талаботи мавзӯи мазкур соли 2017 аз ҷониби кормандони Марказ 11 китоб: «Гражданско-правовое регулирование представления исключительных прав по договору коммерческой концессии», «Тадқиқоти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати миллии додани силоҳ ва матлаби мутобиқат ба муқаррароти шартномаи байналмилалии савдои силоҳ» маҷмӯи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон», тафсири Қонун «Дар бораи муҳоҷират» ва китоби «Афкори хирадмандона оид ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои инсон» чоп гардиданд. Китобҳои мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудаанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки соли гузашта 160 мақолаи илмии кормандон дар нашрияҳои гуногун ба табъ расида, шумораҳои сеюму чоруми маҷаллаи илмию таҳлилии Марказ- «Қонунгузорӣ» нашр гардид.
Мавриди зикр аст, ки рисолати Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо нигаронида шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






