Масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандон дар меҳвари Паём қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, вакили Маҷлиси намояндагон Анвар Тағоймуродов, раиси шаҳри Сарбанд Санавбар Самизода ва сохторҳои марбута дар Кохи фарҳанги шаҳри Сарбанд бо мардуми ин минтақа вохӯрӣ баргузор намуд.
Қабл аз оғози ҷамъомад бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби наврасон ва ҷавонон намоиши ҳунарҳои дастӣ пешниҳод гардонида шуд.
«Боиси фараҳмандист, ки бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захира ва имкониятҳои соҳаи сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои он ҳамчун давлати осоишта ва меҳмонннавоз дар бозори ҷаҳониии соҳавӣ сол то сол устувортар мегардад»,-иброз дошт муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Дар мулоқот намояндагони сохторҳои гуногун ба сухан баромада, нуктаҳои асосии Паёмро вобаста ба соҳаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ шарҳ доданд. Зикр гардид, ки таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба қишри ҷомеа қарор гирифтаанд. Паём бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра ифода ва инъикос менамояд.
Вохӯрӣ ва суҳбатҳо то 17 январи соли равон дар минтақаҳои дигари шаҳри Сарбанд идома меёбанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






