Мавзеи Лангар-отаи ноҳияи Спитамен ба феҳристи мавзеъҳои сайёҳӣ ворид карда мешавад

Январь 31, 2018 09:58

ХУҶАНД, 31.01.2018 /АМИТ  «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли  2018 азм дорад, ки бо ҷалби олимону бостоншиносони ҷумҳурӣ якчанд мавзеи дорои таърихи чандинасраи ноҳияро, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд, Куруш ва Тағояк (Лангар-ота) воқеанд,  пас аз омӯзиш ва хулосаи мутахассисон ба феҳристи ҷойҳои таърихию сайёҳии ноҳия ворид намояд. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби ҳукумати ноҳия ба  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дархостӣ низ ирсол гардидааст.

Ин матлаб зимни баргузории нишасти хабарӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода иброз гардид.

Тавре  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, раиси ноҳия иброз дошт, ки яке аз чунин мавзеъҳое, ки давоми чандин даҳсолаҳо зиёратгоҳи ҳам сокинони вилоят ва ҳам берун аз он гардидааст, мавзеи Лангар-ота ба ҳисоб меравад.  Ҳоло бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва саховатмандони ноҳия дар ин мавзеъ корҳои тозагиву ободонӣ ва навсозии атрофи он ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон доир ба фаъолияти яке аз коргоҳҳои калонтарини ноҳия- “Спитамен-текстайл” зикр карда шуд, ки коргоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав ба кор дароварда шуда, ҳоло дар се баст бо фарогирии 150 нафар коргарон фаъолият дорад. Дар назар аст, ки солҳои наздик пас аз бартараф шудани мушкилоти ҷойдошта, коргоҳ бо иқтидори пурра фаъолият намуда, маҳсулоти истеҳсолшавандаи он то ҳадди ниҳоӣ расонида хоҳад шуд.

“Соли сипаришуда дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 303 млн 808 ҳазор сомонӣ расонида шуда, ҳамзамон бо ташкили шаш коргоҳи хурду миёна 80 ҷои нави корӣ ташкил гардид. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 17 иншооти таъйиноташ гуногун ва 14 649 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ  бунёд гардиданд”, -баён дошт Акрам Сулаймонзода.

 

 

Январь 31, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд