Меҳрангез Исмоилова ғолиби озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» баргузор гардид.
Зимни ҷамъбасти озмуни мазкур сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат Абдуҷаббор Алиев аз номи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати мушовара иштирокчиёнро табрик намуда, изҳор дошт, ки аз панҷ нафар довталаби номнависшуда намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун иштирок карда натавонист. Ин аст, ки азназаргузаронӣ дар байни чор нафар довталаб: Матлуба Исмонова, мураббияи кӯдакистони рақами 98-и шаҳри Душанбе, Муҳайё Назарова, мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Меҳрангез Исмоилова, мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Б. Ғафуров ва Саъбагул Минназарова, мураббияи кӯдакистони рақами 8-и шаҳри Турсунзода гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Абдуҷаббор Алиев хусусияту бартарӣ ва пешниҳоди назарҳоро оид ба озмуни имсола, ки хеле пуршиддат ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, таҳлил карда, хулосаи қарори ҳайати ҳакамонро оид ба ҳунарнамоии довталабон изҳор намуд. Дар натиҷа намояндаи вилояти Суғд Меҳрангез Исмоилова бо гирифтани холи аз ҳама зиёд соҳиби ҷойи аввал гардид. Ба Меҳрангез мукофоти аввал дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамчунин тамоми иштирокчиён бо фармоиши Вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






