«Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 5.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) таҳия гардида, ба нашр расид. Китоби мазкур яке аз тадбирҳои ҳифзу густариш ва муаррифии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон маҳсуб мешавад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби мазкур маҳсули натиҷаи таҳқиқоти паёпаи олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва чанд тан аз муҳаққиқони муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар мебошад, ки дар асоси маводи бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддии пажӯҳишгоҳ, адабиёти чопшуда ва маводи тозаи аз экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносӣ бадастомада таълиф шудааст.
Мураттиби китоб мардумшиноси шинохтаи тоҷик Дилшод Раҳимов буда, муҳаррири он директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода мебошад. Китоб аз ҳафт бахш иборат буда, ҳар як бахш аз мақолаҳои самти муайян таркиб ёфтааст. Бахши якум фарогири унсурҳои анъанаи шифоҳӣ, бахши дуюм – санъати иҷроӣ, бахши сеюм – ҷашну маросимҳои анъанавӣ, бахши чорум – донишҳои суннатӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ, бахши панҷум – касбу ҳунарҳои анъанавӣ, бахши шашум – хӯрокҳои суннатӣ ва бахши ҳафтум – варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона мебошанд.
Инчунин баъзе бахшҳои китоб ба фаслҳо тақсим шудаанд. Чунончӣ, бахши дуюм фаслҳои рақсҳои анъанавӣ, театри суннатӣ ва мусиқии мардумиро дар бар гирифтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






