Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо раиси Китобхонаи миллии Миср
ДУШАНБЕ, 05.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 январи соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову маркази дастхатҳои ду кишвар меҳвари асосии мулоқот буда, дар он Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии Миср ва ниҳодҳои ҳамтои он дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расад.
Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи миллии Миср бо фармони Хидев Исмоил 23 марти соли 1870 ба манзури ҳифзи дастхатҳои арабӣ ва шарқӣ таъсис ёфт. Ҳоло дар Китобхонаи мазкур беш аз 57 ҳазор дастхати гаронбаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар он ганҷинаи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи махсус дошта, теъдоди он тақрибан ба 10 ҳазор дастхат мерасад. Аз ҷумла, 71 дастхати нодири форсӣ-тоҷикии мусаввар, ки таърихи китобат ва тасвири онҳо қарнҳои XIV ва XIX мелодиро фаро мегирад, дар ин ҷо маҳфузанд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






