Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Ню-Йорк
ДУШАНБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 январи соли 2018 дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба масъалаи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Абдурахманов доир гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи ду давлатро дар чаҳорчӯбаи СММ мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин 19 январи 2018 дар Қароргоҳи Созмони Милал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири Кулл ва Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории марбутаи Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷояро дар самти болозикр мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки моҳи майи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






