Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Гайдар иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Россия- шаҳри Москва ҳамоиши байналмилалии Гайдар дар мавзӯи «Россия ва ҷаҳон: ҳадафҳо ва арзишҳо» доир гардид. Дар ҳамоиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абулхолиқзода иштирок намуда, сухан гуфт.
Бояд тазаккур дод, ки Форум бо ибтикори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия доир гардид. Л.Абдулхолиқзода дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии муассисаи заминавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба омодасозии кадрҳо дар самти идоракунии давлатӣ, ки дар доираи Форум доир гардид, аз таҷрибаи Тоҷикистон гузориш дод.
Мавсуф пешниҳод намуд, ки масъалаҳои анҷоми тадқиқоти илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмӣ-амалӣ ва ташкили амалисозии барномаҳои магистрӣ ва омодасозии аспирантҳо дар доираи ҳамкорӣ ба роҳ монда шаванд.
Ҳамзамон Л. Абдухолиқзода дар кори ҷаласаҳои Форум иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди бахши хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Дар Форуми Гайдар Лутфия Абулхолиқзода зимни мулоқот бо роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Владимир Мау масъалаҳои марбут ба таҳсили магистрантҳо ва аспирантҳои тоҷик, сифати тайёр намудани мутахассисони бахши хизмати давлатии муосир ва усулҳои навини омодакунии кадрҳои роҳбарикунандаи миллиро матраҳ намуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






