НИҲОЛ ШИНОНЕМ. Дар Душанбе намоиш — фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва гулу буттаҳои ҳамешасабз баргузор мешавад

Январь 4, 2018 17:06

ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо  ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-7 январи соли равон аз соати 8:00 дар Боғи «Дӯстии халқҳо»- и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат баргузор карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов хабар дод.

Ин ҳадаф бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” роҳандозӣ карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаи  мазкур ниҳолҳои беҳтарини дорои сертификати сифат, тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлим мутобиқ ба намоиш–фурӯш бароварда шуда, хоҷагиҳои боғпарварӣ, деҳқонону сокинони ҷумҳурӣ метавонанд дар баробари харидории ниҳол ва гулу буттаҳо, инчунин аз маслиҳати олимони соҳаи кишоварзӣ бархурдор шаванд.

 

Январь 4, 2018 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид