Номаи сипос барои барномаи консертии ҳунарпешагони тоҷик дар шаҳри Ганҷа
ДУШАНБЕ, 5.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба унвони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ А.Г. Иксанов номаи сипос расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар матни нома А. Иксанов ба Вазири фарҳанг барои мусоидат ба баргузории консерти тантанавии ҳунарпешаҳои тоҷик дар шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар нома зикр гардидааст, ки барномаи консертии санъаткорони тоҷик 21 декабри соли 2017 бахшида ба маросими пӯшидашавии барномаи «Ганҷа-маркази фарҳангии ИДМ дар соли 2017» дар сатҳи баланд доир гардид.
«Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони тоҷик Зафар Абдуалимов ва Мадина Ақназарова маҳорати баланди иҷрокунандагӣ нишон дода, таваҷҷуҳи тамошобинони озарбойҷониро ба даст оварданд», — омадааст дар нома.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






