ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. Даъват барои иштирок дар 46-умин Намоишгоҳи байналмилалии асарҳои бадеии кӯдакон дар Чехия
ДУШАНБЕ, 4.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Чехия кӯдакон ва наврасони 4-16-соларо барои иштирок дар 46-умин Намоишгоҳи байналмилалии асарҳои бадеии кӯдакон LIDICE – 2018, ки 1 июни соли равон дар Чехия ифтитоҳ мегардад, даъват менамояд. Қобили зикр аст, ки намоишгоҳ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 ба масоили вобаста ба об бахшида мешавад.
Тавре дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Чехия, Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Чехия, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия ва намояндагии ЮНЕСКО дар Чехия ташкил карда мешавад.
Барои иштирок дар он хоҳишмандонро зарур аст, ки аризаи дархостии худро на дертар аз 28 феврали соли равон ба кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ фиристанд.
Бояд ёдрас шуд, ки намоишгоҳ соли 1967 ба хотири кӯдакони деҳаи Лидисеи Ҷумҳурии Чехия, ки соли 1942 аз ҷониби миллатгароёни фашистӣ кушта шуда буданд, ташкил гардидааст. Имрӯз намоишгоҳ яке аз бузургтарин барномаи фарҳангии ҳунарӣ маҳсуб мешавад, ки дар он дастранҷи кӯдакон ва наврасон дар равияҳои гуногуни санъат, ба мисли мусаввирӣ, аксбардорӣ, филмсозӣ, заргарӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳо ба маъраз гузошта мешаванд.
Маълумоти муфассал ва шартҳои иштирок дар намоишгоҳро метавонед аз сомонаи www.mdvv.lidice.cz/en дарёфт намоед.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






