ОБУ ҲАВО: Аз 27 то 30 январ ба Тоҷикистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар назар аст

Январь 26, 2018 08:52

ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Дар ин бора дирӯз, 25 январ сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои вилояти Суғд шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.

Имрӯз, 26 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво  тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок ва дар баъзе ҷойҳо боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, шабона 5-10 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки тағйирёбанда ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво тағйирёбанда ва абрноки бебориш  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар робита ба сард шудани ҳаво 25 январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш намуд, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд. Инчунин дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро мебояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии  ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ намоянд.

Январь 26, 2018 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд