ОБУ ҲАВО: дар рӯзҳои истироҳатӣ сокинони Тоҷикистонро ҳавои офтобӣ интизор аст

Январь 20, 2018 09:02

ДУШАНБЕ, 20.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво офтобӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман ва дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти бод дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда гашта, дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои офтобӣ пешбинӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво офтобӣ шуда, ҳарорат шабона 1-1 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Январь 20, 2018 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад