ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои Тоҷикистон номусоид гардида, боридани борону барф дар назар аст

Январь 9, 2018 09:14

ДУШАНБЕ, 09.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар бештари ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

«Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад»,- хабар дод манбаъ.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят боридани барф пешбинӣ шуда, ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2-3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1-4 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Январь 9, 2018 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид