ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд

Январь 19, 2018 09:42

ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф, фаромадани туман ва дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти бод дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 2-3 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

 

Январь 19, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад