ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрии тағйирёбанда шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани барф дар назар аст. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






