ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 24.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 25 январ идома хоҳад ёфт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






