ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст

Январь 18, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 18.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф, фаромадани туман ва дар баъзе ҷойҳо вазиши сахти бод дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Январь 18, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд