ОБУ ҲАВО: то охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳавои сард дар назар аст

Январь 4, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, оғоз аз имрӯз, 4 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ оварда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз, 4 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва шабона 6-11 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф  пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ пешбинӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ,  ин гуна вазъи ҳаво то охири ҳафтаи равон идома хоҳад ёфт.

Январь 4, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд