Олими ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори Ҷоизаи ба номи Питер Капстик гардид
ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони маҳалҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон шикорро чун воситаи фароҳамории шароити мусоид барои мавҷудияти худ истифода намуда, ҳифзи ҷонварони ваҳширо олитарин манфиати шахсиашон муаррифӣ менамоянд. Ин суханонро олими ҷавони тоҷик — Халил Каримов зимни маросими супоридани Ҷоизаи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстик изҳор намуд.
Номбурда, ки шикоршинос ва муҳофизи ҷонварони нодир мебошад, нахустин намояндаи давлатҳои ИДМ аст, ки соли 2018 Ҷоизаи бонуфузи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстикро сазовор гардид.
Маросими супоридани ҷоизаи мазкур 6 январи соли равон дар шаҳри Далласи иёлати Техаси ИМА дар Анҷумани солонаи шикорчиён ва ҳифзи табиат баргузор гардид. Ин ҷоиза ҳар сол ба олимоне дода мешавад, ки дар ҳифзи олами ҳайвонот саҳми намоён гузоштаанд.
«Даллас Сафари Клуб» Халил Каримови 28–соларо аз он хотир шикорчии тахассусӣ ва ҳифзкунандаи табиати ваҳшӣ номид, ки номбурда дар беҳтар намудани ҳифзи ҷонварони ваҳшӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон фаъолияти назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, саҳми босазои Халил Каримов дар рушду тараққии сайёҳии шикорӣ дар манотиқи кӯҳсори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизи зикр мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат дошта, зикр намуд, ки сазовори ҷоизаи мероси шикорчиён гардидани олими тоҷик барои давлати мо ифтихор аст ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сазовори чунин ҷоиза гардидан фоли нек мебошад.
МУАРРИФИИ АМИТ «Ховар»: Халил Каримов докторанти докторантураи Ph.D Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов чун ходими илмӣ фаъолият менамояд. Дар айни замон дар Австрия қарор дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






