ПАЛАТАИ ҲИСОБ: зимни гузаронидани 350 санҷиши аудиторӣ беш аз 171 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид

Январь 22, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 22.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаригардидаи 2017  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 171 миллион сомонӣ  зарари молиявиро  муайян намуд, ки ин маблағ  зимни гузаронидани  қариб 350 санҷиши аудиторӣ  дар вазорату идораҳо, субеъктҳои  хоҷагидории давлатӣ, Марказ ва гурӯҳҳои  татбиқи лоиҳаҳои  давлатии сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор гардид.

Дар ин хусус муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Заъфар Азимӣ 22 январ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин мақомоти олии назорати молиявӣ дар ҷамъи хабарнигорон  дар Душанбе гузориш дод.

Мавсуф гуфт, ки аз зарари  молиявии ошкоргардида хароҷоти  ғайриқонунии пулию молӣ 8,6 миллион сомонӣ,  камомад ва тасарруфи  воситаҳои пулию молӣ 4,7 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои  таъмиру сохтмонӣ 15 миллион сомонӣ,  зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 65,5 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои  пулию  молӣ 18,3 миллион сомонӣ ва маблағҳои  кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 59,3 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон  таъкид гардид,  ки соли гузашта бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки  маблағҳои буҷетӣ санҷиши иҷрои  буҷетҳои маҳаллии 12 шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар раванди он 274  ташкилоту муассисаҳои  буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифта, ба маблағи 13,6 миллион сомонӣ зарари  молиявӣ муайян карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буда, соли 2011 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Январь 22, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид