Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ стандарт қабул намуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ стандарти ин мақомоти олии назорати молиявӣ таҳия ва қабул гардид. Инҳо стандарти – 100 «Дастурамал оид ба асосҳои таъмини методологии фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», 101 «Луғатномаи мухтасари истилоҳоти соҳаи аудит, ҳисобдорӣ ва молия, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолити аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд», 104 «Дастурамал оид ба гузаронидани аудити молиявӣ», 105 «Стандарти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани аудити самаранокии истифодабарии воситаҳои давлатӣ» ва 401 «Дастурамал оид ба ташкили чорабиниҳои назоратии муштарак ва дар як вақт доиршавандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои хориҷӣ» мебошанд.
Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназар Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки стандартҳои мазкур ҷиҳати амалигардонии таъмини методологӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити самараноку натиҷанок ва таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ин давра Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои аудиториро ба «Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Парлумони мамлакат пешниҳод намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






