Паёми имсолаи Пешвои миллат барои бо ҳаёти шоиста таъмин намудани мардум равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 феврали соли 2018, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» бо мақсади тарғиби мазмуну муҳтаво ва шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш доир мегардад. Дар он 100 нафар намояндагони ин ташкилот аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори ташкилоти мазкур Асадулло Зикрихудоев хабар дода, ҳамчунин иброз намуд, ки «Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дошта, пурра барои манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо ҳаёти шоиста таъмин намудани онҳо равона гардидааст».
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.
Дар назар аст, ки меҳмонон роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар маърӯза намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






