Паёми Пешвои миллат баҳри ободии мамлакат ва осудагии мардум равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори ҶСК «Тоҷик-Эйр» вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳи Паёми Пешвои миллат бо сокинони маҳаллаҳои Улуғбек, Афзалӣ ва кормандони корхонаи мазкур доир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ, ки аз олимону устодон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд, ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмониданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат дарҷгардидаро пурра омӯхта, барои дар амал татбиқ намудани онҳо саҳми назаррас гузорем. Танҳо дар ин сурат мо худро соҳибватану миллатдӯст ном бурда метавонем. Пешниҳодҳои Паёми имсола баҳри ободӣ ва осудагии ҷумҳуриамон равона гардидаанд. Бо амалӣ гардидани ин пешниҳодҳо мардум метавонанд бо зиндагии шоиста таъмин гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






