Паёми Пешвои миллат баҳри ободии мамлакат ва осудагии мардум равона гардидааст

Январь 12, 2018 09:21

ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори ҶСК «Тоҷик-Эйр» вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳи Паёми Пешвои миллат бо сокинони маҳаллаҳои Улуғбек, Афзалӣ ва кормандони корхонаи мазкур доир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ, ки аз олимону устодон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд, ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмониданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат дарҷгардидаро пурра омӯхта, барои дар амал татбиқ намудани  онҳо саҳми назаррас гузорем. Танҳо дар ин сурат мо худро соҳибватану миллатдӯст ном бурда метавонем. Пешниҳодҳои Паёми имсола баҳри ободӣ ва осудагии ҷумҳуриамон равона гардидаанд. Бо амалӣ гардидани ин пешниҳодҳо  мардум метавонанд бо зиндагии шоиста  таъмин гарданд.

Январь 12, 2018 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд