Паёми Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумӣ аз нав эҳё гарданд — дар ҳошияи мулоқот бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Январь 12, 2018 17:01

КӮЛОБ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинон баргузор шуд, ки дар он нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    шарҳу тавзеҳ ёфтанд.

Зимни вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Ҷумъахон Алимӣ оид ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсола, ки ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд, сухан гуфтанд. Онҳо аз ҷумла,  дар бораи рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд гардидани музди маош ва ҳадди ниҳоию заминавии нафақа, ҳамчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон изҳори андеша намуда, онро ба сокинони деҳа фаҳмониданд.

Дар мулоқот Абдулғаффор Раҳмонзода зикр кард, ки  бо мақсади  равнақ додани соҳаи сайёҳӣ Сарвари давлат соли 2018–ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Нотиқ  дар  робита ба ин аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки  ҳунарҳои фаромӯшшудаи  мардумиро,  ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегиранд ва танҳо хоси фарҳанги мардуми мо мебошанд, аз нав эҳё намоянд. Ба ин восита даромади  хонаводаашонро зиёд  гардонида, дар  муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.

Сипас  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода се самти стратегии мамлакат ва дигар масъалаҳоеро, ки Пешвои миллат дар Паёми худ баён  карданд, ба иштирокдорони мулоқот  тавзеҳ   дод.

Иштирокдорони вохӯрӣ  вобаста ба паҳлуҳои дигари Паёми Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  мубодилаи афкор намуданд.

Январь 12, 2018 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад