Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ҳаҷмашон ба 567 км3 мерасад,-бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон

Январь 4, 2018 10:57

ХОРУҒ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлими сайёра сол аз сол шумораи пиряхҳои Тоҷикистонро, ки яке аз манбаъҳои асоси оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, коҳиш медиҳад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бори дигар таваҷҷуҳи олимони Академияи илмҳои ҷумҳуриро ба вазъи кунунии пиряхҳо ва омӯзиши ҳаматарафаи онҳо ҷалб намуда, изҳор доштанд,  ки аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, бояд мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии мамлакатро ҷиддӣ ба роҳ монад. Ин пешниҳодро олимони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дастгирӣ намуда, омодагии худро барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон изҳор намуданд.

Ба гуфтаи мудири кафедраи экология ва сайёҳии донишгоҳи мазкур Ҳалим Карамхудоев, «ҳаҷми ҳамаи пиряхҳои мамлакат ба 567 км3 мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат дар Осиёи Миёна хурд бошад ҳам, лекин дар ҳудуди он қариб  60 фисади захираҳои обии  минтақаи Осиёи Миёна ҷой гирифтаанд. Ҳар сол аз пиряхҳои Тоҷикистон 13 км3 оби тоза ба дарёҳо ҷорӣ мешавад. Аксарияти пиряхҳо аз ҷиҳати шароити иқлим, орографӣ ва релеф аз ҳам фарқ мекунанд ва вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ҳаҷмашон кам ва ё зиёд мегардад. Таъсис додани як маркази пиряхшиносӣ дар назди Академияи илмҳо ба бисёр суолҳое, ки ба масъалаи вазъи ҳозираи пиряхҳо рабт мегирад, ҷавоб хоҳад дод».

Ин олими ҷавон гуфт, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон ду навъ пиряхҳо вуҷуд доранд, ки яке бо номи пиряхҳои нишебӣ ва дигар пиряхҳои водигӣ дар миёни олимон маълум мебошанд. Пиряхҳои калонтарин- ин пиряхҳои водигӣ мебошанд, ки аз ҷиҳати шумора бамаротиб бештар ҳастанд. Пиряхҳои ин намуд дар ҳавзаи дарёҳои Обинигоу, Муқсу, Ванҷ, Язгулом, Бартанг, Маргансу ва мавзеъи кӯли Қаракул ҷойгиранд. Пиряхҳои нишебӣ дар нишебиҳои ба рост тӯлкашида ҷойгир шудаанд ва асосан барои Помири Шарқӣ хос мебошанд. Масоҳати чунин пиряхҳо  3-4 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

 

Январь 4, 2018 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд