Раҷаббой Аҳмадзода: «Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳунарҳои кулолгарӣ, чойнику пиёласозӣ ва дигар армуғонҳои миллӣ бояд диққати хосса диҳем»

Январь 16, 2018 09:05

ХУҶАНД, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Вазъи корхонаҳои калону миёнаи бозистода, ки хусусӣ карда шудаанд, бояд пурра омӯхта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онҳо ҳал карда шавад. Ин нукта   зимни машварати кории иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зикр шуд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар», аз ҷумла, зимни машварати корӣ вобаста ба вазъи раванди корҳо дар самти соҳаи кишоварзии вилоят ва ҷараёни корҳои сохтмону ободонӣ гузориши муовинони раиси вилоят шунида шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вобаста ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими кишти баҳорӣ масъулини соҳаи кишоварзиро вазифадор кард, ки дар ҳамаи навоҳӣ ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ва шӯршӯйӣ дар заминҳои корам ташкил карда шуда, пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон низ дар муҳлати муайянгардида омода карда шаванд. Инчунин ҷамъоварии саривақтии ҳаққи оби кишоварзӣ ва пардохти ҳаққи неруи барқ ба эътибори ҷиддӣ гирифта шавад.

Ҳамзамон вобаста ба масъалаи сохтмон ва иқтисодиёт аз роҳбарони шаҳру навоҳӣ талаб карда шуд, ки дар баробари бунёди иншооти иҷтимоӣ, инчунин ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Ҳамзамон раиси вилоят пас аз машварати корӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фурӯшгоҳҳо ва ҳолати воқеии нархи маҳсулот аз бозори «Панҷшанбе-2»-и маркази вилоят боздид намуд. Мавсуф  пас аз шиносоӣ бо намои берунӣ ва ҳолати кунунии бозору иншооти атрофи он, ки имрӯз воқеан ҳам ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад, ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини бозор дастур дод, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ тибқи лоиҳаи мукаммали меъморӣ таъмиру рангубори пештоқ, айвонҳо, сақфу роҳравҳо ва атрофи бозорро ба роҳ монанд.  Инчунин раиси вилоят бо вазъи нарху навои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал шинос шуда, аз фаровонии маҳсулот дар бозор изҳори қаноатмандӣ намуд.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз вазъи бозори “Афросиёб”, ки беш аз 250 нуқтаи фурӯш дорад, дидан намуда, ба мутасаддиёни он ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, таъмини либоси ягона, воридоти маводи хушсифат, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва танзими нарх супориш дод. Сипас, дар Маркази савдои «Баҳор» аз растаи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба масъулин  дастур дод, ки дар  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, чойнику пиёласозӣ ва дигар армуғонҳои миллӣ диққати хосса дода, ба ин васила ташкили ҷойҳои нави кориро ба роҳ монанд.

Январь 16, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид