Рамазон Раҳимзода: «Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва муноқишаҳои гурӯҳӣ пурзӯр карда мешавад»
ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи Вазорат вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аъзои мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки дар давоми соли 2017 дар ҷумҳурӣ чандин тадбирҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода доир ба муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо иброз дошт, ки дар давраи сипаригардида аз ҷониби кормандони милитсия як зумра корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ашхоси ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дар ҷаласаи мушовара Вазири корҳои дохилӣ камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонону ноболиғон ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Зикр гардид, ки минбаъд ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз ҳам тақвият дода мешавад, зеро робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






